Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯъбаҳои бонкии Юнон боз мешаванд, вале...


Бознишастаҳои юнонӣ мунтазири боз шудани шӯъбаи Бонки Миллии Юнон.
Бознишастаҳои юнонӣ мунтазири боз шудани шӯъбаи Бонки Миллии Юнон.

Вазири молияи Эрон гуфт, аз рӯзи 1-уми июл 1000 шӯъбаи бонкӣ дар саросари Юнон боз мешаванд, то мардуми бознишастае, ки корти бонкӣ надоранд, пули нафақаашонро бигиранд. Бонкҳои Юнон то рӯзи 6-уми июл бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз интиқоли пулҳо ба хориҷ ва варшикаста шудани бонкҳо баста мемонанд. Рӯзи 30-уми июн бояд 1 миллиарду 800 мииллион доллар қарзи Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупоро бипардозад, дар акси ҳол варшикаста эълон мешавад. Бӯҳрони Юнон рӯзи 29-уми июн сабаби поин омадани қимати авроқи гаронбаҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд, вале рӯзи 30-уми июн қиматҳо дар бозорҳои молии Токио, Ҳонк Конг ва Сеул болотар рафт. Алексиси Сипрас, нахуствазири Юнон, аз мардуми кишвараш хост, дар раъйпурсии рӯзи 6-уми июл мухолифи талаботи қарздиҳандагони байналмилалиаш раъй диҳанд. Раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо гуфтаанд, ки раъйи манфии мардуми Юнон ва рад кардани кӯмаки молӣ дар ивази ислоҳот, маънии аз ҳавзаи евро хориҷ шудани Юнонро дорад. Рӯзи 29-уми июн даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Афина ҷамъ омада ва ҳимояти худ аз ҳукуматро эълон карданд, тазоҳуроти мухолифон рӯзи 30-уми июн дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG