Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Тунис 27 нафар кушта шуданд


Дар натиҷаи ҳамла ба як меҳмонсарое дар Тунис дасти кам 27 нафар кушта шудаанд. Вазорати умури дохилии Тунис хабар дод, ки ҳодиса дар шаҳри Сус дар меҳмонхонаи Ал Канту дар соҳили баҳр сурат гирифтааст. Ҷузъиёти дигаре дар ин бора дар даст нест, вале Сус яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ дар шимоли Африқост, ки саёҳони кишварҳои ҳамсоя ва аз Аврупо ба онҷо мераванд. Баъди ҳамлаи тундравони исломӣ ба осорхонаи Бардо дар Тунис дар моҳи март ва қатли гурӯҳе аз сайёҳон ин кишвар дар ҳоли омодабош қарор дошт.

XS
SM
MD
LG