Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли модар бо дасти писари нохалаф


Сарзаниш ва таҳдиди модар, ки писарашро ҳангоми қаробати ҷинсӣ бо ҳамсари писари дигараш боздошт кардааст, сабаби қатли зани 61-сола дар ноҳияи Рашт гардид. Ҷавони 24-сола бо зани бародараш, ки дар муҳоҷирати Русия аст, ҳамхобагӣ кардааст ва модараш аз ин воқеа огоҳ шудаву таҳдид намудааст, ки ӯро ба милитсия хоҳад супурд. Келини хонадон аз ин таҳдид ба ҳарос афтода, барои пинҳон доштани равобити маҳрамона ҷавонро ба қатли модараш таҳрик додааст. Писар модарашро ҳангоми гирифтани об бо забраи чӯб беҳуш карда, ба ҳаммом мебарад ва баъд аз соате доду фарёд мебарорад, ки модараш бемории дил дошт ва дар ҳаммом афтодааст. Модарро дафн мекунанд, аммо баъд аз 16 рӯзи ҷиноят кормандони умури дохилӣ кашф ва собит намуданд, ки зан бо дасти писари худ кушта шудааст. Гумонбари қатл боздошт шуда, таҳқиқ ҷараён дорад.

XS
SM
MD
LG