Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Ҳилманд 12 афсари пулисро куштанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар вилояти Ҳилманд ҳангоми ҳамлаи тундравҳо аз камин ба посгоҳи амниятӣ дастикам 12 корманди пулис кушта шудаанд. Ин ҳамла дар вулусволии Мусо Қалъа шаби 12 июн рух додааст. Мусо Қалъа маркази Толибон дар минтақа ба шумор меравад.

Мақомот мегӯянд, ки Толибон низ дар ин ҳамла талафот додаанд. Масъулияти ҳамларо Толибон бар душ гирифтаанд. Аз моҳи апрел ба ин сӯ аз вақте ки Толибон ба амалиёти баҳории худ оғоз карданд, ба посгоҳҳои осебпазир дар саросари кишвар ҳамла мебаранд.

Моҳи гузашта дар як ҳамлаи Толибон дар вулусволии Навзод дастикам 19 нафар афсарони пулис ба қатл расиданд.

XS
SM
MD
LG