Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиква аз "тағобозӣ" дар вазорати умури хориҷа


Як созмони мустақили зиддифасоди Афғонистон аз баъзе қонуншиканиҳо дар вазорати умури хориҷии кишвар хабар дод. Дар гузориши Кумитаи муштараки назорат ва арзёбии зиддифасод, ки рӯзи 3 июн нашр шуд, дар бораи “тағобозӣ” ва дигар роҳҳои ғайриқонунии мақоми дипломатӣ гирифтан сухан меравад.

Ба иттилои ин кумита, соли гузашта барои 48 ҷойи холӣ дар вазорат 1300 нафар ариза доданд, аммо нафаре аз онҳо соҳиби курсӣ нашуд. Ба ҷойи онҳо шахсоне мақом гирифтанд, ки дар сабқат ширкат надоштанд.

Дар гузориш аз як маркази иттилооти полис ҳам интиқод шудааст, ки соли 2007 ба хотири шикояти мардум аз фасод ва дигар қонуншиканиҳо таъсис шуда буд. Муаллифон навиштаанд, ки соли гузашта аз мардум 2 ҳазор шикоят расид, 907-тои он таҳқиқ шуда, нӯҳ ариза ба додситонӣ супурда шуд, аммо аз рӯи онҳо ягон парванди ҷиноӣ боз нашудааст.

XS
SM
MD
LG