Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабукиҳо ба муҳоҷирон дар пешорӯи Ҷоми футбол-2018


Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба ҳукумати он кишвар пешниҳод кардааст, ки низоми қонунӣ гардондани коргарони хориҷиеро, ки дар сохтани иншооти марбут ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 кор мекунанд, содатар кунад.

ФМС - Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия тарҳи қарори ҳукумати он кишварро таҳия кардааст, ки тибқи он, барои коргарони сохтмонҳои марбут ба Ҷоми ҷаҳонии футбол -2018 бояд хеле сода карда шавад. Дар ин санад ва шарҳи он, ки бархе пораҳояшро рӯзномаи «Известия»-и чопи Маскав нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, асноди муҳоҷирони сохтмончӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ бояд дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтар баррасӣ шуда, барои коргарон аз кишварҳое, ки бо Русия режими виза доранд, низоми квотаҳо бекор карда шавад.

Дар шарҳе, ки ФМС барои ин тарҳи қарор омода кардааст, зикр шудааст, ки ҳангоми додани иҷозати вуруд ба Русия тақсимоти квотаҳо ба атбои хориҷӣ ва квотаҳо барои иҷозатномаи корро метавонанд ба назар нагиранд.

Бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2018 дар 12 варзишгоҳ дар 11 шаҳри Русия хоҳанд гузашт. Барои бунёди варзишгоҳҳои нав 4 ширкат – «Казан», «Синара-Девелопмент», «Стройтрансгаз» ва «Крокус Интернэшнл» - интихоб шудаанд. Онҳо бояд варзишгоҳҳо дар Ростову Калининград ва Екатеринбургро тармим карда ва дар Нижний Новгород ва Волгоград ду варзишгоҳи нав бисозанд.

XS
SM
MD
LG