Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 толиб дар як набарди шабона


Дар як набарди шабона баъд аз ҳамлаи толибон ба як қароргоҳи полис дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон панҷ тан аз ҳамлагарон кушта шуданд. Ҳамла баъд аз шурӯъ шуд, ки як маргталаб мошини ҳомили маводи мунфаҷираро дар назди дарвозаи қароргоҳ тарконд.

Дар ин задухӯрд, ба иттилои расмӣ, нӯҳ корманди полиси афғон маҷрӯҳ шудаанд.

Фазл Аҳмад Шерзод, раиси полиси вилояти Нангарҳор, гуфт, ки ба ҷуз аз маргталаб боз чаҳор толиб кушта шуда, дар интиҳои даргирӣ як нафарашон дастгир шудааст. Ӯ афзуд, ки кормандони полис ҳамчунин автомату гулулаандози зиддтонкӣ ва норинҷакҳои зиёдеро мусодира кардаанд. Бар пояи хабарҳо, даргирӣ то бомдоди 1 июн, тақрибан севуним соат идома дошт.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар ӯҳда гирифт. Намояндаи ҷунбиш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид изҳор намуд, ки ҳадафи ҳамла - ширкаткунандагони як “мулоқоти муҳим” дар қароргоҳи полис буданд.

XS
SM
MD
LG