Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ласло Красноҳоркаӣ - барандаи ҷоизаи Букер


Ласло Красноҳоркаӣ
Ласло Красноҳоркаӣ

Адиби маҷористонӣ Ласло Красноҳоркаӣ барандаи ҷоизаи байнулмилалии Букер дар соли 2015 шудааст. Дар ин бора шоми сешанбе дар маросими тантанавӣ дар осорхонаи Виктория ва Алберт дар Лондон хабар дода шуд.

Ба феҳристи ниҳоии довталабони ҷоизаи адабӣ даҳ адиб аз кишварҳои гуногун шомил шуда буданд.

Ҷоизаи Букер як бор дар ду сол барои комёбӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ супурада мешавад. Маблағи ҷоиза 60 ҳазор фунт-стерлинг (муодили 93 ҳазор доллар) аст, ба барандаи озмун ҳамчунин 15 ҳазор фунт барои тарҷумаи китоб ба забони англисӣ дода мешавад.

Ласло Красноҳоркаӣ баъд аз нашри романи “Тангои иблисӣ” дар соли 1985 маъруф шуд. Баъд аз нӯҳ сол таҳиягари маъруфи маҷористонӣ Бела Тарр аз рӯи ин роман филме бардошт, ки соҳиби ҷашнвораи синамои Берлин шуд.

Дигар романҳои Ласло Красноҳоркаӣ – “Ҷанг ва ҷанг”, “Си-ван-му ин ҷо миёни мост” ҳам миёни алоқамадони наср ҳаводорони зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG