Бар асари амалиёти нерӯҳои вижаи амрикоӣ дар шарқи Сурия 32 узви гурӯҳи «Давлати исломӣ», аз ҷумла, чаҳор тан аз раҳбарони гурӯҳ кушта шуданд. Рамӣ Абдул Раҳмон, раиси гурӯҳи назорат аз болои ҳуқуқи башари Сурия, дар ин бора рӯзи 17 май хабар дод ва гуфт, ки дар амалиёти вижа, аз ҷумла, Абӯ Сайёф, яке аз раҳбарони аршади «Давлати исломӣ», ба ҳалокат расидааст.
Мақомоти амрикоӣ гуфтанд, дар амалиёти шабона ба хотири боздошти Абӯ Сайёф, ки аз сӯи нерӯҳои вижаи мустақар дар Ироқ доир шуд, чанд нафари дигар ҳам кушта шудаанд. Вазири дифоъи ИМА Эш Картер ин амалиётро «зарбаи ҷонкоҳ» ба ситезаҷӯён номид.
Телевизиони давлатии Сурия рӯзи 17 май хабар дод, ки нерӯҳои ҳукуматӣ дар вилояти Дайр Эҳзор панҷ мусаллаҳи хориҷӣ – шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, Туркия, Урдун, Чеченистон ва Ироқро куштаанд. Аммо ин хабар ҳанӯз аз сӯи манбаъҳои мустақил тайид нашудааст.