Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 36-сола аз ноҳияи Хуросонро ба иттиҳоми гаравгонгирӣ боздошт кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, боздошти ин сокини Хуросон рӯзи 14 майи соли ҷорӣ сурат гирифта, ӯ барои гаравгонгирии кӯдаки панҷсола гумонбар аст.
Бино ба иттилои расмии вазорат, "муайян карда шуд, гумонбаршуда рӯзи 7 май аз рӯи хусумати шахсӣ ба хонаи истиқоматии зани 30-солаи сокини ноҳияи Хуросон рафта, писарчаи 5-солаи ин занро ба ҳайси гаравгон гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҳангоми дастгир ва муайян намудани ҳолати кор зани гумонбаршуда ба кормандони милитсия муқобилият нишон медиҳад."
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқи қазия идома дорад.