Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳҳои коҳиш додани “таъсири омилҳои берунӣ” ба иқтисоди кишварро бо мудирони иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ баррасӣ кардааст. Ин мулоқот рӯзи 16 май дар Душанбе сурат гирифта ва ба иттилои дафтари матбуоти президент, “изҳори бовар карда шуд, тадбирҳои муштараки ҳукумати Тоҷикистону гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва дигар муассисаҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба коҳиш додани таъсири манфии омилҳои беруна мусоидат мекунанд.”
Ҳамкории Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, беҳсозии инфрасохтори энергетикиву нақлиётӣ ва ғайра сурат мегирад. Ҳоло дар Тоҷикистон 21 лоиҳа бо маблағгузории гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ мавриди татбиқ қарор дорад, ки маблағи умумиаш 323 миллион доллар мебошад.
Яке аз тарҳҳои бузург, ки Тоҷикистону Бонки Ҷаҳонӣ дар он ҳамкорӣ доранд, лоиҳаи минтақавии бунёди хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 мебошад, ки интиқоли нерӯи барқро аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон дар назар дорад ва то соли 2018 бояд фаъол гардад.