Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Украина ва Русия дармонда буданд, ба Хуҷанд парвоз кардаанд. Намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, ин шаҳрвандон аз "долони муваққатӣ" ба фурудгоҳи Ростови лаби Дон расонда шуданд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон парвоз карданд.