Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният хостори музокирот дар Яман шуд


Исмоил Шайх Аҳмад фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Яман.
Исмоил Шайх Аҳмад фиристодаи вижаи Созмони Милал барои Яман.

Шӯрои Амнияти Созмони Милал аз Бан Ки Мун дабири кулли созмон хост, барои сулҳ дар Яман музокирот баргузор кунад ва аз тарафҳои даргир хост, ки созиши оташбаси 5 рӯза барои расонидани кӯмакҳои башариро риоят кунанд. Дар баёнияи Шӯрои Амният, ки рӯзи 12-уми май содир шуд, омадааст, ки ба музокироти cулҳ бо ҳидояти Созмони Милал ва ба раҳбарии Яман бояд тамоми тарафҳо ҷалб шаванд. Фиристодаи тозатаъйини Созмони Милал барои Яман Исмоил Шайх Аҳмад рӯзи 12-уми май ба ин кишвар сафар кард. Ҳарчанд рӯзи мушаххасе барои музокироти сулҳ дар Яман таъйин нашудааст, вале Шӯрои Амният аз баргузории як конфронси алоҳида дар шаҳри Риёз дар рӯзи 17-уми май истиқбол кардааст. Бино ба гузоришҳо бо вуҷуди созиши оташбас, ки рӯзи 13-уми май соати 11 маҳалӣ шурӯъ шуд ҷангҳо дар шаҳр Зайли Яман идома кард. Аммо шаҳрҳои дигар ба мисли Санъо ва Адан, ки саҳнаи ҷангҳои шадид миёни қабилаҳои шиамазҳаби ҳусӣ ва нерӯҳои ҳукуматӣ буд, ором ба назар мерасиданд. Созиши оташбаси панҷрӯза барои расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми бисёр мӯҳтоҷ баста эълон шуд.

XS
SM
MD
LG