Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нӯҳ тоҷики дигар аз Яман баргаштанд


Боз нӯҳ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишвари бӯҳронзадаи Яман берун оварда шуданд. Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки 9 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки 5 нафари онҳо ноболиғон мебошанд, рӯзи 6 май бо автобус марзи Яман бо Саудиро тариқи гузаргоҳи Ҷиззон убур намуда ва ба шаҳри бандарии Ҷидда расидаанд. Ба гуфтаи манбаъ, маъулони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ бо онҳо мулоқот намуда ва шароити бозгашт барои онҳоро муҳайё карданд. Ҳамин тариқ, ин афрод субҳи 8 май аз Ҷидда ба Дубай парвоз карданд ва субҳи рӯзи 9 май ба Душанбе расиданд. Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мегӯяд, ки тамосҳои доимии консулгарии кишвар ба шаҳрвандони тоҷики муқими Яман идома дорад. Аз оғози даргириҳо дар ин кишвари арабӣ, то кунун беш аз 170 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксари онҳо табибон буданд, ба кишвар баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG