Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 корманди пулиси Македония кушта шудаанд


Гордана Янкуловска
Гордана Янкуловска

Гордана Янкуловска-вазири корҳои дохилаи Македония мегӯяд, ки 9 май дар ҷанг бар зидди “як гурӯҳи террористӣ” дар шаҳраки шимолии Куманово дар марз бо Косово 5 корманди пулис кушта, 30 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Янкуловска гуфт, ки дар даргирии шаҳраки Куманово аз афроди мусаллаҳ низ чанд нафар кушта шудаанд, вале шумораи онҳо номаълум боқӣ мондааст. Хонум Янкуловска мегӯяд, дар ҷараёни даргириҳо 18 нафар афроди мусаллаҳ ба нируҳои амниятии Македония таслим шудаанд.

Ҳамзамон гузоришҳо мерасад, ки 10 май низ даргириҳо дар ин минтақа идома доштааст. Ба гуфтаи Янкуловска, ин “гурӯҳи террористӣ” дар Куманово таҳдиде барои ниҳодҳои Македония ва сулҳу субот дар ин кишвар аст. Вай мегӯяд, нируҳои амниятӣ то замони хунсо кардани ин гурӯҳ муборизаро идома медиҳанд.

Пулис мегӯяд, ки ин “гурӯҳи террористӣ” аз кишвари ҳамсоя вориди хоки Македония шудааст. Матбуоти маҳаллӣ навиштааст, ки онҳо аз Косово ба Македония даромадаанд. Дар Косово аксаран албанитаборон зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG