Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Сабин Маҳмуд бар асари сӯиқасд


Як зани ҳомиии ҳуқуқи башар дар Покистон бар асари сӯиқасди афроди мусаллаҳи ношинос дар шаҳри бандарии Қарочӣ кушта шуд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ рӯзи 25 апрел хабар доданд, ки сӯиқасд ба ҷони хонум Сабин Маҳмуд шоми ҷумъа дар ҳоле сурат гирифт, ки ӯ ҳамроҳ бо модараш баъд аз як нишаст оид ба вазъи ҳуқуқи башар ба хона бармегашт. Модари Сабин Маҳмуд ҷароҳат бардоштааст.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Сабин Маҳмуд раҳбари созмони хайрияи T2F буд ва аз ин пеш ба ӯ чанд бор таҳдиди куштан карда буданд. Созмони T2F дар қаҳвахона ва мағозаи китоб ҷойгир аст ва он ҷо пайваста нишастҳо оид ба вазъи ҳуқуқи башар баргузор мешаванд. Дар нишасти шоми рӯзи ҷумъа, ки дар он хонум Сабин Маҳмуд бори ахир ширкат дошт, мавзӯъи нақзи ҳуқуқҳои скоинони вилояти Балуҷистон баҳсу баррасӣ шуд. Расонаҳои покистонӣ навиштаанд, ки қарор буд аввал ин нишаст аввалҳои моҳ дар Донишгоҳи шаҳри Лоҳур баргузор шавад, вале мақомоти расмӣ ба ин иҷоза надоданд.

XS
SM
MD
LG