Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи маргталабонаи пурқурбонӣ дар Ҷалолобод


Дар шаҳри Ҷалолободи Афғонистон дар як бамгузории маргталабона қариб 33 нафар кушта, ҳудуди 80 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба гузоришҳо, бамгузор худро дар маҳали пуродам дар маркази вилояти Нангарҳор таркондааст. Баъд аз чанд лаҳза бамгузори дуввум низ камарбанди худро мунфаҷир сохт.

Сухангӯи пулис мегӯяд, ки аксари кушташудагон афроди мулкӣ будаанд, бо вуҷуди он ки мумкин аст дар миёни онҳо чанд нафар кормандони пулис низ бошанд.

Як намояндаи Толибон дар сафҳаи худ дар Twitter гуфтааст, “мо даст доштани худ дар ҳар гуна ҳамларо рад мекунем”. Пулис мегӯяд, ки расидагӣ ба ҳодиса оғоз шудааст ва шумораи қурбониён мумкин аст афзоиш ёбад.

Аз сӯи дигар, мақомоти маҳалии вилояти Ғазнӣ хабар додаанд, ки 4 нафар ҳазораҳоро афроди номаълум сар буридаанд. Ин чаҳор нафарро ҳафтаи гузашта рабуда буданд.

XS
SM
MD
LG