Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ дар Покистон


Мулло Сангин Задрон
Мулло Сангин Задрон

Дар задухӯрдҳо дар манотиқи қабоилнишини Вазиристони ҷанубии Покистон яке аз фармондеҳонии калидии шабакаи Ҳаққонӣ кушта шудааст. Дар ин бора манбаъҳои ҳукуматӣ рӯзи 17 апрел ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ хабар доданд.

Ба гуфтаи онҳо, задухӯрд баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, ки фармондеҳ Форуқ Задрон ҳамроҳ бо даҳ мусаллаҳи шабакаи Ҳаққонӣ ба як постгоҳи нерӯҳои амниятӣ расиданд. Баъд аз даргирӣ нӯҳ нафар аз афроди мусаллаҳ асри уфтоданд, як нафарашон фирор кард.

Шабакаи Ҳаққонӣ – гурӯҳи исломиест, ки дар ду сӯи марзи Афғонистону Покистон фаъолият мекунад.

Мулло Сангин, бародари Форуқ Задрон, фармондеҳи шабакаи Ҳаққонӣ дар вилоятҳои Пактиё ва Пактико, моҳи сентбяри соли 2013 бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин дар Вазиристони Шимолӣ кушта шуда буд. Ба ҷойи ӯ бародари дигарашон – Билол Задрон фармондеҳии шабака дар ин манотиқи Афғонистон ваФоруқ Задрон муовини ӯ таъин шуданд.
Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки шабакаи Ҳаққонӣ бо ҳукумати Покистон робита дорад ва ин гурӯҳро дар ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон айбдор мекунанд.

XS
SM
MD
LG