Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори бузург ва пурқурбонӣ дар Сибири Русия


Шумораи қурбониёни сӯхторе дар Хакасия-минтақаи ҷанубии Сибири Русия ба 29 нафар расидааст. Ҳукумати маҳаллӣ 15 апрел гуфт, се нафар то ҳол бедарак мебошанд ва гурӯҳҳои наҷот дар саросари минтақа корро идома медиҳанд.

Пештар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия гуфт, ки бештар аз 900 нафар дар даҳҳо рустову шаҳракҳо аз оташ осеб дидаанд. Ин сӯхтор аз оташ задани баргҳои хушк рух додаст ва билофосила зери боди шадид минтақаро фаро гирифтааст.

Дар Хакасия бештар аз 1 500 хона туъмаи оташ шудааст ва тақрибан дар 5 000 одам бидуни сарпаноҳ мондаанд. Чунин сӯхторҳо дар минтақаи Алтай, Амур, Бурятия, Тува, Забайкалие, Красноярск ва Иркутск рух додааст.

Николай Фёдоров-вазири кишоварзии Русия 15 апрел гуфт, ки зарари расида аз сӯхтор ба аҳолии маҳаллӣ ва соҳибкорон дар минтақаи Сибир тақрибан 600 миллион рубл ё 11,6 миллион доларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG