Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо муҳоҷир эҳтимолан ғарқ шудаанд


Наҷотёфтагони як киштии муҳоҷирон дар наздикиҳои соҳили Либия мегӯянд, бими он меравад, ки ҳангоми ба паҳлӯ афтодани киштӣ тақрибан 400 муҳоҷир ғарқ шуда бошанд.

Горди соҳилии Италия 144 муҳоҷирро 13 апрел наҷот дод. Ҷасади 9 нафарро пайдо карданд. Баъд аз як рӯзи ба роҳ баромадан аз Либия киштӣ 12 апрел чаппа шуд.

Димитрис Аврамополос-кумиссари Иттиҳодияи Аврупо дар умури муҳоҷират 14 апрел ба қонунгузорон дар Бруссел гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо бояд ба афзоиши шумораи муҳоҷирон, ки мехоҳанд худро ба марзҳои обии онҳо расонанд одат кунанд.

Бино ба маълумоти нав, аз 10 апрел то ҳол дар обҳои баҳри Миёназамин бештар аз 7 000 муҳоҷир наҷот дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG