Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷа: И.Каримов - боз президенти Узбакистон


Ислом Каримови 77-сола дар интихоботи раёсатҷумҳурии 29 марти Узбакистон бо касби 90,39 дарсади овози раъйдиҳандагон барандаи интихобот эълон шудааст. Дар ҷаласаи Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон ба раҳбарии Мирзоулуғбек Абдусаломов рӯзи 6 апрел эълон шуд, ки ба ҷонибдории Каримов 17 миллиону 122 ҳазору 597 нафар овоз додаанд.

Дар изҳороти расмӣ гуфта мешавад, дар маҷмӯъ дар интихобот аз беш аз 20 миллион раъйдиҳанда тақрибан 19 миллион нафар иштирок кардаанд, ки каме бештар аз 91 дарсадро ташкил медиҳад. Худи Абдусаломов интихоботи гузаштаро "дорои аҳамияти муҳим барои ояндаи Узбакистон, ки дар роҳи бунёди як ҷомеаи демократӣ гом мебардорад", арзёбӣ кардааст.

Дар баробари Ислом Каримов дар интихобот се номзади дигар - Акмал Саидов аз ҳизби демократии Узбекистон, Ҳотамҷон Кетмонов аз ҳизби халқии демократӣ ва Наримон Умаров аз ҳизби сотсиал-демократии «Адолат» ширкат карданд. Ин номзадҳо аз 2 то 3 дарсади овозҳоро ба худ ихтисос додаанд.

Дафтари сохторҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА 30 март дар як изҳорот гуфт, ки Ислом Каримов рақиби воқеӣ надошт ва дар ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ камбудҳои зиёди қонунӣ ва ташкилӣ ба чашм расиданд. Раҳбари ҳайати нозирон Тана де Зулуета дар як изҳорот гуфт, Комиссияи марказии интихоботи Узбакистон Ислом Каримовро дар ҳоле сабти ном кард, ки бар пояи Қонуни асосӣ як нафар фақат ду дафъа метавонад пайиҳам раисиҷумҳур интихоб шавад. Ислом Каримов бори чаҳорум аст, ки ба мӯҳлати панҷсолӣ ба курсии раисиҷумҳури Узбакистон менишинад.

XS
SM
MD
LG