Масъулони китобхонаи миллии Тоҷикистон мегӯянд, аз 1 апрел ин муассиса то соати 10-и шаб кор хоҳад кард. То кунун дӯстдорони китоб имкон доштанд, то соати 17 аз адабиёту маводи ин китобхона истифода баранд.
Муҳаммадиқбол Атоев -- як корманди китобхонаи миллӣ рӯзи 31 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “бо дарназардошти он ки аксар корхонаҳо дар кишвар то соати 17 фаъолият мекунанд, мо тасмим гирифтем, бо чунин як иқдом барои онҳое, ки ба корҳои илмӣ ва пажӯҳиш машғуланд, имкон диҳанд, то баъди анҷоми рӯзи корӣ аз маҳзани китобҳои ин муассиса истифода баранд.”
Атоев мегӯяд, ҳукумат ҳам ин иқдоми онҳоро ҷонибдорӣ карда, барои фаъолияти китобхона то нимашаб шароит фароҳам шудааст, аз ҷумла кормандони ин муассиса бо нақлиёти махсус таъмин шудаанд. Китобхонаи миллӣ, ки 3 соли қабл таъсис ёфта буд, то ин муддат дар фасли тобистон то соати 7-и бегоҳ ва дар фаслҳои дигар то 5 –и бегоҳ кор мекард.
Китобхонаи нави миллӣ, ки барои нигаҳдории 10 миллион нусхаи китоб пешбинӣ шудааст, 20 марти соли 2012 ба истифода дода шуд. Ба гуфтаи масъулини китобхона теъдоди истифодабарандагони адабиёте, ки дар ин муассиса ҷамъоварӣ шудааст сол то сол зиёд мешавад. Гуфта мешавад, хазинаи умумии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳоло беш аз шаш миллион нусха маводи чопию электронӣ дорад.