Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳодисае дар даромадгоҳи пойгоҳи Ожонси амниятӣ


Як афсари Ожонси Амнияти Миллии Амрико дар ҳодисае дар назди посгоҳи ин ожонсӣ ҷароҳат бардоштааст. Ду марди ношинос савори мошине талош доштанд дар пойгоҳи Мериланд мошинро ба дарвозаи ин ниҳоди амниятӣ занад.

Аммо кормандони амниятӣ яке аз ин мардҳоро бераҳмона ҳадафи тир қарор доданд. Ин ду мард дар тан либоси занона доштанд. Ожонсӣ мегӯяд, ки марди дуввум ҷароҳат бардоштааст ва ҳоло дар бемористон аст.

Пулис мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд шаби 30 март ин ду мард мошинро рабудаанд ва дар гардиши назди посгоҳи Ожонси Амнияти Миллӣ натавонистаанд мошинро дуруст давр диҳанд.

XS
SM
MD
LG