Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбакистон интихобот баргузор шуд


Кумиссиёни марказии интихоботи Узбакистон интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварро баргузоршуда эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод, дар интихобот бештар аз 35 дар сади мардум ширкат карданд, ки барои қонунӣ эълон кардани интихобот кофист. Мақомоти интихоботии Узбакистон гуфтанд, то соати 10 маҳаллӣ, 7 миллиону 600 ҳазор нафар ва 36 дар сади раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд. Бидуни шак баъди интихобот, Ислом Каримов, раиси ҷумҳури феълии Узбакистон барои даври чаҳорум раиси ҷумҳур мемонад. Ӯ дар ду даҳсолаи гузашта тамоми мухолифони давлатро аз байн бурд ва ҳоло мунтақидони ҳукумат мегӯянд, интихобот як саҳнасозӣ аст ва рақибони Ислом Каримов дар ин корзор одамони худи ӯ ҳастанд. Дар Узбакистон тақрибан 21 миллион нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доранд. Созмонҳои ғарбӣ аз ҷумла нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки то кунун ҳеҷ яке аз интихоботҳои Узбакистон шаффофу одилона сурат нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG