Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Путин бо Отамбоев


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, баъди 11 рӯзи ғоиб буданаш аз назарҳо рӯзи 16-уми март бо Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Кохи Константин дар наздикии шаҳри Санкт Петербург мулоқот кард. Бо ишора ба сару садоҳо дар бораи бемориву куҷо буданаш, Владимир Путин бо шӯхӣ гуфт, “бе ғайбат зиндагӣ хастакунанда аст”. Бино ба гузоришҳо, Алмосбек Отамбоев гуфтааст, ки "ҳоли Путин олӣ аст." Аз назарҳо нопадид шудани Путини 63-сола сабаби овозаҳо дар бораи тафриқа миёни ҳалқаҳои сиёсӣ ва амниятии Русия шудааст, ки гӯё ин тафриқа баъди қатли Борис Немтсов, сиёсатмадори мухолиф дар рӯзи 27-уми март амиқтар шудааст.

XS
SM
MD
LG