Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон: Сабти номи номзадҳо поён меёбад


Назарбоев дар Комиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон
Назарбоев дар Комиссиюни марказии интихоботи Қазоқистон

Дар Қазоқистон рӯзи 15 март сабти номи номзадҳо барои ширкат дар интихоботи қабл аз вақти президентӣ поён меёбад. Ба иттилои Комиссиюни марказии интихобот, 22 нафар, аз ҷумла, раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев ва раҳбари коммунистҳои Қазоқистон Тургун Сиддиқов иҷозаи расмии ширкат дар ин маъракаро пайдо кардаанд.

20 нафари дигар, ки аз роҳи худпешбарӣ номзад шудаанд, одамони маъруф нестанд. Дархости ҳашт довталаби мақоми президентӣ бо далелҳои гуногун, аз ҷумла, надонистани забони қазоқӣ, рад карда шуд.

Номзадии Нурсултон Назарбоевро, ки аз соли 1989 раҳбари Қазоқистон аст, рӯзи 11 март ҳизби ҳокими “Нур Отан” пешбарӣ кард. Аз ин пеш сарвари Қазоқистон дар мулоқот бо занони фаъоли кишвар гуфта буд, дар бораи ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дудила аст, аммо ҳар рӯз ҳазорҳо номаҳои шаҳрвандонро мегирад, ки аз ӯ талаби иштирок лар ин маъракаро мекунанд.

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурӣ дар Қазоқистон рӯзи 26 апрел баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG