Заур Дадаев, гумонбари аслӣ дар куштори сиёсатмадори мухолифи Кремл Борис Немтсов, аз изҳороти пешини худ ва эътирофи қатл даст кашид. Ӯ ҳамчунин аз он шиква кардааст, ки дар маҳбас мавриди шиканҷа қарор гирифтааст.
Рӯзномаи “Московский комсомолец” рӯзи 11 март аз қавли Заур Дадаев навишт, ӯ куштори Немтсовро ба он хотир ба гардан гирифт, ки дар ивази ин як дӯсту ҳамхизматаш аз баталёни “Север” бояд аз маҳбас дар Чеченистон раҳо карда мешуд. Заур Дадаев афзудааст, агар ҳангоми боздошт қатли Немтсовро бар дӯш намегирифт, шояд билофосила кушта мешуд.
Хабарнигори “Московский комсомолец” ҳамроҳ бо аъзои комиссиюне, ки вазъи маҳбусонро назорат мекунад, бо Дадаев ва ду гумонбари дигари куштори Немтсов мулоқот кард.
Андрей Бабушкин, узви Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия, баъд аз мулоқот бо гумонбарон дар маҳбас ба хабаргузории AFP гуфтааст, “баъзе омилҳое ҳастанд, ки моро барои бовар кардан ба ҳарфҳои Дадаев ва зери шиканҷа ба гардани гирифтани иттиҳом аз сӯи ӯ водор месозад”. Ӯ гуфтааст, ки дар бадани Дадаев изҳои зиёди шиканҷаро дидааст.
Борис Немтсов, шоми 27 феврал дар канори Кремли Маскав дар ҳоле кушта шуд, ки ҳамроҳ бо модели украинӣ Анна Дуритская тарафи манзилаш мерафт.
Ду рӯз пеш мақомоти Русия гуфтанд, ки гумонбарони кушторро боздошт кардаанд ва онҳо Немтсовро барои пуштибонӣ аз маҷаллаи фаронсавии “Шарлӣ Эбдо” ҳадафи тир қарор додаанд.