Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаммонд: Путин хатар ба амнияти Аврупо аст


Филип Ҳаммонд
Филип Ҳаммонд

Вазири умури хориҷии Бритониё Филип Ҳаммонд рӯзи сешанбе дар як суханронӣ бори дигар ба нақши Русия дар нооромиҳо ва бӯҳрони Украина таъкид кард. Дар пораҳо аз ин суханронӣ, ки ахиран дар расонаҳо нашр шуданд, аз ҷумла, омадааст, «аъмоли раисиҷумҳур Путин – илҳоқи ғайриқонунии Қрим ва истифодаи нерӯҳои Русия барои ноором кардани вазъи шарқи Украина – амнияти кишварҳои Аврупои Шарқиро ба таври комил аз байн мебарад».

Ба гуфтаи Ҳаммонд, сарвари Русия қавонину қойидаҳои дар ҷомеъаи байнулмилалӣ ба хотири таъмини сулҳ қабулшударо риоя карданӣ нест, баръакс, ин қавонинро нақз мекунад.

Аз ин пеш дар сӯҳбат бо Би-Би-Си Филип Ҳаммонд гуфта буд, ки ягон нишонаи тағйири сиёсати Маскав дар баробари низоъ дар Украина ба чашм намерасад. Ӯ таъкид карда буд, ки дар сурати бадтар шудани авзоъ дар Украина, эъмоли таҳримҳои нав алайи Русия аз эҳтимол дур нест.

Маскав ҳама иттиҳом дар бораи ширкати мустақимаш дар низои Донбассро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG