Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиши мошини сафорати Туркия дар Кобул


Бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар канори бинои сафорати Эрон дар Кобул ҳадди аққал як нафар ба ҳалокат расида ва як каси дигар маҷрӯҳ шуд. Муҳаммад Аюб Солангӣ, муовини вазири умури хориҷии Афғонистон ба хабаргузориҳо гуфт, ки рӯзи 26 феврал як маргталаб мошинашро ба мошини сафорати Туркия задааст. Сафоратҳои Эрону Туркия дар биноҳои ҳамсоя дар маркази Кобул ҷойгир шудаанд. Ба иттилои бархе хабаргузориҳо, дар ин ҳодиса як сарбози турк ҷон бохтааст.

Масъулияти ҳамларо ҷунбиши “Толибон” бар дӯш гирифт.

Охирин ҳамла ба дипломатҳои муқими Кобул моҳи гузашта рӯй дода буд – дар канори фурудгоҳ як маргталаб мошини худро ба мошини дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо зад ва дар натиҷа як раҳгузар кушта шуд.

Моҳи ноябри соли гузашта бар асари ҳамлаи як маргталаб ба мошини сафорати Бритониё панҷ нафар, аз ҷумла, як бритониёвӣ ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG