Шаҳрдори Биробидҷон-маркази идории вилояти мухтори яҳудиҳо ба иттиҳоми ришвахорӣ боздошт шуд. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, Андрей Пархоменко 19 феврал барои суистифода аз мақом боздошт шудааст.
Муфаттишон мегӯянд, ки ин парванда ба моли худ кардани бинои кинотеатр дар Биробидҷон иртибот дорад.
Вилояти мухтори яҳудиҳо дар Шарқи Дури Русия ҷойгир аст. Бо Чин, минтақаи Хабаровск ва Амур ҳаммарз аст. Ин минтақаи мухтор соли 1934 ташкил шуда буд, вақте ки Иосиф Сталин раҳбарии Шӯравиро бар уҳда дошт.