Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба як қароргоҳи полис дар Лоҳур


Бар асари таркиш дар канори қароргоҳи полис дар шаҳри Лоҳур, воқеъ дар шарқи Покистон, дасти кам се нафар ба ҳалокат расиданд. Раиси полиси шаҳри Лоҳур Ҳайдар Ашраф гуфт, дар ин таркиш, ки рӯзи 17 феврал рӯй дод, чанд каси дигар маҷрӯҳ шудаанд. Бар пояи бархе хабарҳо, ба думболи таркиш тирандозӣ сурат гирифт.

Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ дар ӯҳда нагирифтааст.

Нерӯҳои амниятии Покистон ҳамла болои гурӯҳҳои мусаллаҳро баъд аз он афзоиш доданд, ки мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” моҳи декабри соли гузашта151 толибилми як мактаби шаҳри Пешоварро қатл карданд.

XS
SM
MD
LG