Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаш полиси афғон дар Қандаҳор


Мансабдорони афғон дар бораи ҳалокати дасти кам шаш корманди полис бар асари ҳамла ба як постгоҳ дар вилояти ҷанубии Қандаҳор хабар доданд. Самим Хпалвок, сухангӯи волии Қандаҳор, гуфт, ки ҳамла шоми 16 феврал дар мавзеи Майвонд сурат гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар тирандозӣ мусаллаҳони толибон ҳам талафоти зиёд диданд. Нерӯҳои полис миқдори зиёди силоҳу тирро ғанимат гирифтанд.

Намояндагони ҷунбиши “Толибон” ин хабаррао то ҳол ташреҳ накардаанд.

Дар шаҳри Кобул рӯзи сешанбе бар асари таркиши бомб дар мошин ҷойгузоришуда як нафар ҷароҳат бардошт. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳадаф як мансабдори ҳукуматӣ буд, ки аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд.

XS
SM
MD
LG