Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбоз ба ҳуш омад, аммо ҳарф намезанад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Наздикони Наҷмиддин Қаюмов – сарбози яке аз қисмҳои низомии Вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯянд, ӯ ҳоло аз ҳарф задан монда, фақат бо ишора матлабашро баён мекунад. Ин сарбоз, ки ҳамагӣ шаш моҳи пеш ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ омада буд, ду ҳафта қабл бо истифода аз Калашников қасд ба ҷонаш кардааст.

Насимҷон Қаюмов, падари Наҷмиддин, рӯзи 16 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, писарашро аз бахши эҳёгарии бемористони Қарияи Боло барои табобати осебҳояш ба Шуъбаи шикастабандӣ интиқол додаанд. Ӯ гуфт, тири Калашников се ҷойи манаҳи писарашро шикаста, ба гулӯяш осеби сахт расондааст ва чанд дандонаш ҳам нест.

Як пизишки Шуъбаи шикастабандӣ гуфт, дар ҳоли ҳозир ба Наҷмиддин тавассути найча - “шланг” ғизо медиҳанд ва вазъаш дар муқоиса ба чанд рӯзи пеш рӯ ба беҳбуд овардааст. Дар ҳамин ҳол, Додситонии низомии Тоҷикистон ба таҳқиқи қазияи Наҷмиддин Қаюмов оғоз карда, вале мегӯяд, то ҳол сабаби ба силоҳ даст бурдану қасди худкуши кардани ӯ рӯшан нест. Вазорати дифоъ ва ҳам волидонаш мегӯянд, то замоне ки худи Наҷмиддин ба гап надарояд ва нақл накунад, иллати ин ҳодиса номаълум боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG