Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон 12 Толибро дастгир карданд


Мақомоти Покистон мегӯянд, 12 ҷангҷӯи Толибро, ки дар ҳамлаи хунини соли гузашта ба мактабе дар Пешовар даст доштанд, боздошт кардаанд. Генерал Олим Салим Баҷва, сухангӯи артиши Покистон, рӯзи 12-уми феврал гуфт, ки 6 муттаҳам ба ҷиноят дар Афғонистон ва 6 нафари дигарашон дар дохили Покистон дастгир шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, “Ниҳодҳои иттилоотии ду кишвар ҳамкорӣ карданд ва мо барои ин аз Афғонистон бисёр сипосгузорем.” Яке аз боздоштшудаҳо Мавлавӣ Абдулсалом имоми масҷиде дар шаҳри Пешовар будааст, ки ҳукумат ба ӯ музди кор медод. Мавлавӣ Абдулсалом гуфт, 9 узви дигари гурӯҳи 27 нафарӣ кушта шудаанд. Баъди онки ҷангҷӯёни Толиб рӯзи 16-уми декабр ба як мактаб дар Пешовар ҳамла карда ва 151 нафарро куштанд, ҳукумати Покистон мубориза барои маҳви ин гурӯҳро саххтар кард.

XS
SM
MD
LG