Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия


Дар пайи як садамаи автомобилӣ дар шоҳроҳи Санкт-Петербург - Пскови Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули ду зан, ҷон бохтаанд.

Дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 10 феврал ба нақл аз мақомоти интизомии Русия гуфт, ин фоҷиа соати 14:30-и рӯзи сешанбе ба вақти маҳаллӣ рух додааст ва ҳама қурбониёни ин ҳодиса сокинони ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд - Фарҳод Яъқубов, Мунира Аҳмадова, Шаҳло Ҳоҷиева, Абдусаттор Қозиев ва Комилҷон Усмонов - будаанд.

Ба иттилои мақомоти интизомӣ, гӯиё дар сари чанбараки мошин хоби Фарҳод Яъқубов бурдааст ва мошини ӯ ба борбари "Волво" бархӯрдааст. Дар ҳоли ҳозир Хадамоти муҳоҷирати Тоҷкистон дар Русия омодагӣ дорад, ҷасадҳоро ба Тоҷикистон интиқол диҳад.

XS
SM
MD
LG