Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармони “Соли оила” содир шуд


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон соли 2015-ро “Соли оила” эълон кард. Ин фармон, ки субҳи 4 феврал содир шуд, аз ду банд иборат буда, ҳадафаш “баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, таҳкими оила ва танзими муносибатҳои оилавӣ” гуфта шудааст.

Дар охир ҳукумати Тоҷикистон муваззаф гардидааст, дар муҳлати як моҳ барои иҷрои ин фармон “чораҳои зарурӣ андешад”.

Аз ин пештар, рӯзи 23 январ, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонаи худ ба парлумон пешниҳод карда буд, дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад ва соли 2015 “Соли оила” эълон гардад.

XS
SM
MD
LG