Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

135-солагии зане дар Узбакистон


Тӯтӣ Юсуфова -- сокини рустои Туртқули Кӯҳна дар Узбакистон имсол 135-солагиашро истиқбол хоҳад гирифт. Бар асоси маълумоти шиносномааш, Юсуфова соли 1880 ба дунё омадааст, вале олимон гуфтаанд, синни ӯ аз будаш зиёд нишон дода шудааст.

Ҳосилбек, яке аз аберагони 52-солаи Тӯтӣ Юсуфова дар сӯҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфтааст, саломатии бибикалонаш хуб буда, вале ӯ наметавонад тариқи телефон суҳбат кунад. Ӯ афзудааст, “модаркалонам худашро хуб эҳсос мекунад. Тамоми рӯзҳои гузаштаро дар хотир дорад. Ва ҳам хуб медонад, ки чӣ қадар набераву абера дорад.”

Соли 2010 “Қароқалпоқфилм” дар бораи Тӯтӣ Юсуфова филми ҳуҷҷатиеро бо номи “Шоҳиди се аср” ба навор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG