Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвои ҷудоихоҳон дар бораи муҳосираи нируҳои Украина


Александр Захарченко-раҳбари ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина мегӯяд, ки нируҳои Украина дар наздикии Донетск ба муҳосира даромадаанд, онҳо бояд ё аслиҳаи худро супоранд ва ё кушта мешаванд.

Захарченко ин суханонро дар сӯҳбат бо хабаргузории РИА Новости изҳор доштааст. Ба гуфтаи вай, воҳидҳои низомии Украина дар наздикии Дебалтсево ба муҳосира даромадаанд. Бино ба гузоришҳо, Захарченко 30 январ гуфтааст, ки нируҳои Украина кушта намешаванд, агар аслиҳаи худро таслим кунанд.

Интизор меравад, ки даври нави музокироти ҷудоихоҳон, Украина, Русия ва САҲА 30 январ дар Минск-пойтахти Беларус баргузор шавад.

Ҷудоихоҳон вақтҳои ахир ба пешравӣ ноил шудаанд ва Амрико ин пешравиро ҳимояи Русия аз амалити ҷудоихоҳон медонад, ки ҳамаи муқаррароти оташбаси Минскро вайрон мекунад.

XS
SM
MD
LG