Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амано хатар ба нерӯгоҳҳои атомиро ҷиддӣ номид


Мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гуфт, мумкин аст, “террористон” ба таъсисоти атомии кишварҳои аз назари амниятӣ заиф ҳамла кунанд. Юкиа Амано, рӯзи 26-уми январ дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Сингапур гуфт, “Ҳамкории байналмилалӣ дар ин замина фавқуллода муҳим аст, зеро террористҳо ҳамеша, ҷойи заифро меҷӯянд.” Ӯ аз ҳукуматҳои кишварҳои ҷаҳон хост, аз чунин хатарҳо ҳамеша огаш бошанд, зеро ин “як масъалаи бисёр ҷиддӣ аст”. Ба гуфтаи Юкиа Амано, “кишваре, ки хатари харобкорӣ ва ё ҳамлаи террористӣ ба нерӯгоҳи барқи атомӣ ва ё таъсисоти атомиро ба инобат намегирад, хатарноктарин кишвар аст.” Ӯ ҳеҷ кишвар ва ё хатари мушаххасеро зикр накард. Соли 2014 расонаҳо навиштанд, ки Муҳаммад Алӣ Алҳаким, сафири Ироқ дар Созмони Милал ба Бан Ки Мун, дабири кулли созмон гуфтааст, ки шӯришиён 40 килограм уранро аз озмоишгоҳи Донишгоҳи Мосул дуздидаанд.

XS
SM
MD
LG