Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Инзивои Русия кори беҳуда аст


Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор намуд, ки талошҳои дар инзивоъ қарор додани Русия комёб нахоҳанд шуд. Ӯ дар нишасти хабарии солонааш дар Маскав рӯзи 21 январ гуфт, ки «даъватҳое дар бораи инзивои Русия, аз ҷумла, аз сӯи Барак Обама садо доданд. Аммо, афзуд Сергей Лавров, «раисиҷумҳур Владимир Путин эълом дошт, ки Русия ҳеҷ гоҳ аз роҳи худинзивоъ нахоҳад рафт».

Аз ин пеш президенти ИМА Барак Обама дар паём ба Конгресс изҳор намуд, ки «имрӯз Амрико нерӯманд ва бо ҳампаймонҳояш муттаҳид аст, Русия бошад, дар инзивоъ қарор дорад ва иқтисодаш пора-пора шудааст». Сарвари Амрико дар инзоъ қарор додани Маскав баъди замима кардани нимҷазираи Қрим ва пуштибонияш аз ҷудоихоҳон дар шарқи Украинаро аз комёбиҳои муҳими Кохи Сафед донист.

Сергей Лавров гуфт, паёми Обама баёнгари он аст, ки ИМА мехоҳад “қудрати рақами як” дар олам бошад ва талоши сари оламиён таҳмил кардани шартҳои худ дар хуни амрикоиҳост.

XS
SM
MD
LG