Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порошенко: Донбассро ба Украина бармегардонем


Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, изҳор намуд, ки Киев қаламрави аз сӯи ҷудоихоҳон ишғолшудаи вилоятҳои Донетск ва Луҳанскро бармегардонад. Ӯ рӯзи якшанбе, 18 январ, дар суханроние дар Раҳпаймоии ваҳдат дар майдони Истиқлоли Киев гуфт, “мо як пора замини Украинаро ба касе намедиҳем. Мо Донбассро бармегардонем. Мо пирӯз мешавем ва дар Украина сулҳу амонӣ ҳукмфармо хоҳад шуд. Ишғолгар аз хоки Украина берун карда мешавад”.

Дар ҳамин ҳол Андоей Лисенко, сухангӯи Шӯрои амният ва мудофиаи Украина, рӯзи якшанбе изҳор намуд, ки нерӯҳои кишвар ба амалиёти густурда шурӯъ карданд ва дубора фурудгоҳи Донетскро таҳти назорат қарор доданд.

Ба думболи ин хабаргузориҳо бо такя ба шаҳрдории Донетск навиштанд, ки дар шаҳр садои таркиш ва тири тупхона ба гӯш мерасад. Шоми якшанбе дар бораи тахриду осеби ҷиддӣ дидани чанд бинои зист ва баста шудани ҳама муассисаҳову мағозаҳо хабар расид.

Тайи шабонарӯзи гузашта ба иттилои Андрей Лисенко, дар набардҳо чаҳор сарбози украинӣ кушта ва 32 низомии дигар маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG