Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости вазир аз соҳибони нашрияҳо


Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, аз ҳама соҳибони нашрияҳо ва хабарнигорони кишвар даъват кардааст, то ба қонунгузории кишвар эҳтиром гузоранд. Ӯ, ки дар нишасти хабарии 16 январ суҳбат мекард, афзуд, “ҳамаи нашрияҳо ва хабарнигорон аз доираи одоби журналистӣ берун нараванд ва саривақт аз қайди давлатӣ гузаранд.”

Ӯ илова кард, сари ҳар се сол бояд нашрияҳо аз қайди расмӣ гузаранд, вале ба далели таъхиркорияшон баъзеи онҳо ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд. Орумбеков дар ин замина аз мушкили нашрияи “Нигоҳ” ёдоварӣ кард. Вазири фарҳанги Тоҷикистон, инчунин, аз истифодаи ба қавли ӯ алфози дағал, дар нашрияву торнамоҳо нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG