Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскари рус дар куштори оилаи арманӣ иқрор шуд


.
.

Сарбози рус Валерий Пермяков дар куштори як хонаводаи арманӣ дар шаҳри Гюмрӣ иқрор шуд. Аммо сабабҳои даст ба ин ҷиноят задани ӯ то ҳол маълум нест.

Дар Додситонии кулли Арманистон ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтанд, ки сарбози рус ба мақомоти ҳифзи тартиботи Арманистон интиқол намеёбад, зеро ӯ шаҳрванди Русия аст ва таҳти назорати мақомоти тафтишотии ин кишвар қарор дорад.

Аз ин пеш хабар дода шуд, ки Валерий Пермяков дар марз бо Туркия сарбози рус Валерий Пермяков дастгир шуд. Ӯ рӯзи 12 январ силоҳ дар даст худсарона пойгоҳи низомии воқеъ дар шаҳри Гюмриро тарк карда буд. Ҷасадаҳои шаш узви як хонаводаи Аветисян, аз ҷумла, духтарчаи яксоларо яке аз пайвандонашон пайдо кард. Дар ҷойи ҳодиса патрону тир ва далели асосӣ – пойафзоли низомие ошкор гардид, ки дар он ному насаби Пермяков сабт шудааст.

Ба иттилои хабаргузории ТАСС, вазорати дифои Русия барои тафтиши куштори оммавӣ дар Гюмрӣ комиссиюни вижа таъсис кард, ки ба он муовини вазир Аркадий Бахин сарварӣ мекунад. Тафтиши парванда таҳти назорати раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян қарор дорад.

Дар Арманистон пойгоҳи 102-уми низомии Русия мустақар аст. Ҳифозати марзи Арманистону Туркия ҳам бар дӯши сарҳадбонҳои рус аст.

XS
SM
MD
LG