Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози муовини раиси Румӣ ба суханони Кабирӣ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар конфронси интихоботии бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, муовини раиси ин ноҳия ба суханронии Муҳиддин Кабирӣ мудохила намуда ва баъдан ба нишони эътироз нишастро тарк кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, рӯзи 12-уми январ конфронси интихоботии бахшҳои ҲНИТ дар Ҷалолиддин Румӣ, Қубодиён ва Ҷиликӯл оиди пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Ҷ. Румӣ №30 дар қароргоҳи бахши ҳизб дар шаҳраки Румӣ баргузор гардид ва дар он бо аксари оро номзадии Абдуқаҳҳори Давлат, масъули равобити хориҷии ин ҳизб пешниҳод гардидааст. Ба гуфтаи манбаъ, нишаст дар фазои ором пеш мерафт, аммо хонум Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ҳукумати Ҷалолиддин Румӣ дар рафти суханронии Муҳиддин Кабирӣ мудохила кардааст. Вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфтааст, ки бояд аз Худованди карим шукргузорӣ намуд ва аз миллати тоҷик барои таҳаммулпазирӣ ва сабрашон шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат сӯҳбати М. Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфтааст, ки "бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард."

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфтааст, "мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям", вале хонум Ғаффорова ба нишони эътироз конфронсро тарк кардааст.

Абдуқаҳҳори Давлат (Давлятов Абдуқаҳҳор) 5 августи соли 1975 дар деҳаи Панҷсолаи дуюми ноҳияи Колхозобод (Ҷ. Румӣ) дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи Донишкадаи забони арабии ба номи Имом Абуҳанифа (р), факултаи журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва факултаи иқтисодиёти ҷаҳони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

XS
SM
MD
LG