Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти "амир"-и ҲИУ дар Шаҳринав


Ҷангиёни ҲИУ дар тамрингоҳе дар Покистон
Ҷангиёни ҲИУ дар тамрингоҳе дар Покистон

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти “амир”-и Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) дар ноҳияи Шаҳринав хабар дод. Дар гузорише, ки шаби 7 январ дар телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Икром Халилов бо 10 нафар аз зердастонаш мехост, ба хотири ба даст овардани силоҳ ва оғози муборизаи мусаллаҳона барои ташкили давлати исломӣ ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Шаҳринав ҳамла кунад, вале дастгир шуд.

Икром Халилов донишҷӯи соли чоруми шӯъбаи ғоибонаи Донишкадаи исломӣ ва имоми собиқи масҷиди ҷомеи ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав, дар ин барнома эътироф мекунад, ки аз тарафи нафари хориҷие бо номи “Умар” “амир”-и Ҳаракати исломӣ дар Шаҳринав таъин шуда, барои оғози муборизаи мусаллаҳона дастур гирифтааст. Мақомот мегӯянд, Икром Халилов ва 10 сокини дигари Шаҳринав, бо даъватҳои Раҳим Бобоёров ном як сокини 34-солаи ҷамоати Акрам Ҳасанов ба Ҳаракати исломии Узбакистон гароидаанд. Ӯ ба навбаи худ ҳангооми муҳоҷирати корӣ дар Русия аз сӯи “Умар” ба ин созмон ҷалб шудааст.

Ҳаракати исломии Узбакистон як созмони тундравест, ки барои таъсиси хилофати исломӣ дар Осиёи Марказӣ мубориза мебарад. Аксари аъзои он дар Афғонистону Покистон паноҳ бурдаанд. Дар ин авохир дар бораи ба шимоли Афғонистон эъзом шудани шумори ҳарчӣ бештари ҷангиёни ин созмон ва гурӯҳҳои дигари ҷангиён аз Осиёи Марказӣ гузориш мешавад.

XS
SM
MD
LG