Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико: Дар нақшаи хуруҷи нирӯҳо тағйире нест


Вазорати дифои Амрико
Вазорати дифои Амрико

Низомиёни Амрико мегӯянд, барномаи коҳиши шумораинируҳои Амрико аз Афғонистон тағир накардааст. Ин дар ҳолест, ки Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳури ин кишвар пешниҳод кардааст, ки ин барнома бояд “бознигарӣ” шавад.

Сарҳанг Стив Воррен-сухангӯи вазорати дифои Амрико 5 январ гуфт, ки “нақшаҳои Амрико ба эътибори худ боқӣ мемонад ва барои хуруҷи нируҳо дар нақша тағироте нест”.

Баъд аз хатми мӯҳлати амалиёти таҳоҷумии нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар Афғонистон дар поёни соли гузашта дар ин кишвар тақрибан 10 800 нафар нируҳои Амрико боқӣ мемонанд ва шумораи умумии нируҳои эътилоф 13 000 нафарро ташкил хоҳад дод. Воррен гуфт, Амрико нақшаи худро дар бораи коҳиши тақрибан 5000 нафари дигар то поёни соли ҷориро тағир надодааст.

Бо назардошти ҳамлаҳои зуд-зуди Толибон Ашраф Ғанӣ-раиси ҷумҳур 4 январ гуфт, ки бояд дар мавриди вақти ниҳоии хуруҷи нируҳо бознигарӣ сурат бигирад ва ҳамаи ҷонибҳо бояд вазъиятро дар назар дошта бошанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, президент Барак Обама саранҷом метавонад тақсимавқоти хуруҷи нируҳоро бори дигар бозбинӣ кунад ва агар вай чунин кунад, изҳороти Ашраф Ғанӣ барои тавзеҳоти чунин тасмим ёрӣ мерасонад.

XS
SM
MD
LG