Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як садама дар Украина 13 сарбоз ҳалок шуд


Дар шарқи Украина дар як ҳодисаи нақлиётӣ 13 нафар аз Горди Миллии ин кишвар ба ҳалокат расидаанд. Мақомоти Украина мегӯянд, ин афрод шаби 5 январ дар ҳавои бад дар минтақаи Донетск ҳангоми бархӯрди мошини низомӣ бо автобус кушта шудаанд.

12 сарбози дигар ба бемористон интиқол дода шуданд. Вале як нафари онҳо субҳи 6 январ аз ҷароҳатҳои бардоштааш даргузашт. Сарбозони Горди Миллӣ бояд дар ин минтақа сарбозони дигарро, ки бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия дар шарқи Украина ҷанг мекарданд, иваз менамуданд.

Аз моҳи апрели соли 2014 то ҳол дар муноқишаҳои шарқи Украина 4 700 нафар кушта шудаанд. Бо вуҷуди он ки 5 сентябри соли 2014оташбас эълон шудааст, вале даргириҳо ҳамоно идома дорад

XS
SM
MD
LG