Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори сулҳ дар манотиқи муноқишаҳо шуд


Поп Франсис дар Ватикан ҳангоми фиристодани паёми солона
Поп Франсис дар Ватикан ҳангоми фиристодани паёми солона

Франсис-попи Рум соли 2014-ро чун соли таъқиботи “бераҳмона”-и мазҳабӣ дар Ховари Миёна арзёбӣ кард ва дар паёми солонаи худ ба муносибати иди Милоди Масеҳ хост, ки дар минтақаҳои гирифтори муноқиша сулҳ барқарор шавад.

Попи 78 сола ҳамчунин хост, ки хушунат бар зидди кӯдакон хотима ёбад. Вай аз ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар Пешовари Покистон ёдовар шуд, ки дар он 142 кӯдак дар ҳамлаи тундраҳвҳо ба қатл расиданд.

Попи Рум гуфт, “воқеият ин аст, ки дар Милоди Масеҳи соли ҷорӣ ашкҳои зиёд рехтааст”. Вай ин паёми худро дар Ватикан хитоб ба ҳозирини майдон ба забон овард. Милллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба таври мустақим аз телевизионҳо ин паёмро тамошо карданд.

Поп Франсис аз муноқишаҳо дар Ироқу Сурия ва Исроилу Фаластин, дар Украинаву Либия ва дар Судони Ҷанубӣ ёдоварӣ кард. Вай аз хушунати ҷинсии зидди кӯдакон, сиқти ҷанин, бӯҳрони бемории Эбола, ки ҷони ҳазорона нафарро рабуд, ёдовар шуд.

XS
SM
MD
LG