Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар хостааст, бинобар зиёд шудани одамрабоӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман, то замони беҳтар шудани вазъ аз сафар ба ин кишвар худдорӣ кунанд. Дар ин огаҳии вазорат, ки рӯзи 24-уми декабр дар торнамои вазорат нашр шуд, ҳамчунин аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Яман кору зиндагӣ мекунанд, хоста шудааст, ки бисёр эҳтиёткор бошанд ва ба ҷойҳои пуродам ва ҷамъомади гурӯҳҳои алоҳида нараванд дар сурати бад шудани вазъи амниятӣ Яманро тарк кунанд. Моҳи октябри имсол Гулрухсор Рофиева, як парастори тоҷикро афроди қабилаҳои арабӣ рабуданд ва то ҳол аз ӯ дараке нест.