Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Чеченистон як хонаи дигарро хароб карданд


Бино ба гузориши гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва хабаргузориҳо, дастикам як хонаи дигарро дар Чеченистонхароб кардаанд, бо вуҷуди ин ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар бораи пешқазоватӣ ё пешдоварии баъзе ниҳодҳо ҳушдор дода буд.

Рамзан Қодиров-раиси ҷумҳури Чеченистон, ки аз сӯи Кохи Кремл ҳимоят мешавад, баъд аз изҳороташ дар бораи хароб кардани хонаи хешовандони ононе, ки барои ҳамлаҳои марговар масъул дониста мешаванд, мавриди интиқоди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт. Қодиров ҳамчунин гуфта буд, ки баъд аз хароб кардани хона онҳо аз маҳали зисташон ронда хоҳанд шуд. Баъд аз ин изҳорот чанд хона оташ зада шуд.

Дар ҷараёни конфронси хабарии ҳафтаи гузашта аз Путин дар ин бора суол карданд ва вай гуфт, ки Қодиров эҳсосотӣ сӯҳбат кардааст ва вайро фаҳмидан мумкин аст. Вале ҳеҷ кас бидуни ҳукми додгоҳ набояд тасмим бигирад.

XS
SM
MD
LG